Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон дар Хуҷанд бо «Ғунчаҳои Истиқлол», «Шашмақомхони беҳтарин» ва «Гулбазми навқаламон»

Июнь 1, 2017 16:49

ХУҶАНД, 01.06.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд бо иштироки наздик ба 5 ҳазор нафар кӯдакон барномаи идона  бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон баргузор гардид. Дар барномаи идона, ки дар соҳили рӯди Сир, дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»  доир гашт, баҳри кӯдакону наврасон гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаи саломативу техникони наврас, маҳфилҳои «Сайри маънӣ», «Гулбазми навқаламон», бозиҳои варзишиву намоиши маҳсули меҳнати дастии хонандагони макотиби вилоят ва ҳамчунин барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо ташкил шуданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар барномаи идонаи кӯдакон ширкат намуда, кулли иштирокдорон ва кӯдакону наврасони вилоятро бо  ин сана табрик гуфт. Ҳамзамон зикр намуд, ки дар Тоҷикистон аксарияти аҳолиро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд ва аз ин лиҳоз баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, беҳтар намудани кори таълиму тарбия ва  дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Дар ин замина, дар қаламрави вилояти Суғд соли равон баҳри дастгирии кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат аз буҷети давлат зиёда аз 1 млн. сомонӣ маблағҳои иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, барои сохтмону навсозӣ, таъмири мактабҳо, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар муассисаҳои соҳаи маориф эътибори хоса дода мешавад.

Гулбазм 2Ба иттилои Раиси вилоят, имрӯз дар қаламрави вилояти Суғд 19 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо беш аз 1700 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар вилоят зиёда аз 470 нафар ятимони кулл умр ба сар мебаранд, ки онҳо ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Давлату Ҳукумат қарор доранд. Масъалаҳои солимгардонӣ, истироҳату фароғати кӯдакон ҳамеша дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, дар давраи тобистони соли ҷорӣ ба чорабиниҳои солимгардонӣ дар 20 лагери беруназшаҳрӣ, 544 лагери наздимактабӣ, 145 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 200 лагери солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ, 16 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ фарогирии зиёда аз 72 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба нақша гирифта шудааст. Аз инҳо беш аз 1200 нафарашон кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат буда, онҳо ба истироҳатгоҳҳо ройгон фаро гирифта мешаванд.

Сипас, ғолибони озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Кишвари азизам, Тоҷикистон», озмунҳои «Паррандаҳо ва гулҳои хонагӣ», «Ғунчаҳои Истиқлол», «Шашмақомхони беҳтарин», «Гулбазми навқаламон» бо сипосномаву диплом ва иштирокчиёни фаъоли барномаи фарҳангие, ки аксаран кӯдакону наврасон буданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Хотиррасон бояд кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии сарпарастон чанд рӯз аст, ки бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ барномаҳои идона доир гардида истодаанд. Инчунин дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва озмуни расмкашӣ  гузаронида мешаванд.

 

 

 

Июнь 1, 2017 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст