Тарзи нодуруст бастабандии консерваҳо сабаби заҳролудшавӣ ва ба бемории ботулизм гирифтор шудани истеъмолкунандагон мегардад
ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тобистону тирамоҳ барои ҳар як кадбону мавсими ҷамъу бастабандӣ, хушконидани меваю сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ мебошанд. Кадбонуи беҳтарин дар баробари пухтупаз бояд ҳунару малакаи мевахушккунӣ ва бастабандии нӯшобаву мураббо ва хӯришҳоро дошта бошад.
Бояд гуфт, ки халқи тоҷик аз қадимулайём аз фарҳанги захирасозии ғизо барои зимистон бархурдор мебошад. Дар русто мардум маҳсулоти аввалияи ғизоро на танҳо барои зимистон, балки ба қадри эҳтиёҷоти солонаи оила, яъне то ҳосили оянда захира мекардаанд. Зеро дар фасли сармо талабот ба ин маҳсулот зиёд мешавад.
Аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳангоми тайёр кардани афшурда, мураббо ва консерваҳо барои зимистон маҳсулоти ғизоӣ нағз тамиз намешаванд ва зарфҳои нигоҳдорӣ ба таври зарурӣ коркард нашуда, меваю сабзавот дар онҳо маҳкам карда мешаванд. Дар ин ҳолат консерва ба вайроншавӣ рӯ оварда, сабаби заҳролудшавӣ ва ба бемории ботулизм гирифтор шудани истеъмолкунанда мегардад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, оид ба тарзи дуруст нигоҳ доштани маҳсулот ва заҳролуд нашудан аз он, бо мудири бахши гигиенаи хӯрокаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддиншоҳ Қандаков ҳамсуҳбат шуд.
«Ботулизм яке аз бемориҳоест, ки вобаста ба тарзи дурусти истеъмол кардани ғизо алоқамандии зич дорад. Вақте ки маҳсулоти ғизоӣ нағз коркард намешавад ва одамон ҳангоми омода кардани он ба тозагӣ риоя намекунанд, он маҳсулоте, ки барои зимистон тайёр карда мешавад, намуди худро гум карда, рӯ ба вайроншавӣ меорад. Дар ин ҳолат шахси истеъмолкунанда ба бемории ботулизм гирифтор мешавад. Бояд гуфт, ки барангезандаи бемории ботулизм- ин нейротоксинае аст, ки дар ҳолати беҳавоӣ афзоиш меёбад ва дар ин ҳолат токсинҳои худро ҷудо карда, истеъмолкунандаро заҳролуд мекунад, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ба марг оварда мерасонад», — зикр намуд А. Қандаков.
Тавре А. Қандаков баён намуд, агар дар маҳсулот токсини ботулизм афтида бошад, шахс ҳатто дар вақти чашидан ҳам метавонад заҳролуд шавад. Номбурдда ҳушдор дод, ки дар вақти истеъмол намудани консерваҳои дар шароити хона тайёркардашуда боэҳтиёт бошем, ба намуди зоҳирӣ ва ҳолати онҳо аҳамият диҳем. Консерваҳо дар вақти кушодан набояд бо фишор кушода шаванд.
Ба гуфти мутахассис, аз рӯи нишондоди оморӣ, ҳамаи ҳодисаҳои заҳролудшавие, ки дар байни мардум ба қайд гирифта шудаанд, бештар аз консерваҳое мебошанд, ки дар шароити хона тайёр карда шудаанд. «Соли 2016 дар байни мардум 18 ҳодиса ва дар 5 моҳи соли равон бошад 7 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ботулизм ба қайд гирифта шудаанд. Дар робита ба ин аз тарафи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Муассисаи давлатиии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим мунтазам дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Дар вохӯриҳо оид ба ботулизм, сабабҳои пайдоиши он, оқибати ин беморӣ маълумот додашуда, таъкид мегардад, ки шаҳрвандон дар вақти истеъмол кардани маҳсулот, алалхусус консерваҳое, ки дар шароити хона омода мешаванд, боэҳтиёт бошанд. Ҳамчун мутахассис тавсия медиҳад, ки мардум бештар аз маҳсулоти дар корхонаҳо истеҳсолшуда истеъмол кунанд»,-илова намуд ҳамсуҳбат.
Дар айни замон дар ҷумҳурӣ бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар чандин корхонаҳои хурду бузург ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти консервашуда ва меваҳо машғул мебошанд, ки ҳамарӯза сокинонро бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамоянд.
Мудири озмоишгоҳи корхонаи ҶДММ «Илмию истеҳсолии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Абдувалӣ Мӯсоев дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Дар корхонаи мо аз 35 намуди маҳсулот консерва тайёр карда мешавад. Ҳамаи он маҳсулоте, ки мо истеҳсол мекунем, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошанд. Дар тамоми дӯкону мағозаҳои ҷумҳурӣ истеҳсолоти корхонаи мо паҳн карда шудааст ва ҳар як шахс метавонад аз ин гуна консерваҳо истеъмол кунад».
Аз гуфтаҳои мутахассисон хулоса кардан зарур аст, ки ҳар бонуе, ки мехоҳад дар шароити хона консерва тайёр намояд, бояд, пеш аз ҳама, ба тозагӣ ва бехатарии ғизо аҳамият диҳад. Интихоб ва коркарди дурусти маҳсулоти тоза, дар дараҷаи муайян пухтани он, ба таври зарурӣ шустани асбобу анҷоми корӣ имконият медиҳад, то маҳсулоти омоданамуда ба саломатии инсон зарар наоварад.
Ибодат ДАВЛАТОВА