«ТАВОНО БУВАД ҲАР КӢ ДОНО БУВАД…». Нахустин гоми ҷиддӣ дар роҳи донишомӯзӣ аз китобхона оғоз мешавад

Июнь 3, 2017 10:22

ДУШАНБЕ, 03.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз ҳазор сол аст, ки сухани пур аз ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ бар ғановат ва пешравии илму адаби башарият афзудааст. Дар тӯли таърих дурустӣ ва азамати каломи мондагори ҳакими Тӯсиро аҳли башар дарёфт ва дар заминаи он назарияҳои вобаста ба танзиму идоракунии дониш ва таълимро ба вуҷуд овард. Дар фарҳанги Ғарб таҳти маънои каломи абадзиндаи Фирдавсӣ:

«Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,

                      Зи дониш дили пир барно бувад»

мафҳуми «доноӣ тавоноист»  («Знание – Сила»: Knowledge is Power) аз забони аксари мутафаккирони гузаштаву муосири олам ҳамвора шунида мешавад.

Илм ва технология яке аз пояҳои асосии иқтидори иқтисодию сиёсии ҳар кишвар аст ва бо доштани илму донишҳои пешрафта кишвар ба тавоноиҳо ноил мегардад. Аҳамияти китобхона дар комёбиҳои кишвар хеле бузург аст. Агар ба ҳодисаҳои гузаштаи таърихи башарият назар андозем, хоҳем дид, истилогароне, ки мехостанд кишвареро забт намуда, мардумашро ғулом кунанд, нахуст шаҳрҳои онҳоро аз байн мебурданд ва ин амалро бо оташ задани китобхонаҳо шурӯъ мекарданд.

Дар мавриди китобсӯзиҳо ва тахриби китобхонаҳову сар буридани андешамандон Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» навиштааст: «Қутайба ибни Муслим ҳар касеро, ки хатти хоразмӣ медонист, аз дами шамшер гузаронид ва онон, ки аз ахбору иттилоот миёни худ тадрис мекарданд, эшонро низ ба дастаи пешин мулҳақ сохт» (Абӯрайҳони Берунӣ «Осор-ул-боқия». Душанбе, 1990, саҳ. 56).

Ҳодисаи даҳшатангези тахриб намудани тахти Ҷамшед ва сӯзондани Гундишопур – бузургтарин китобхонаи Сосониён ва китобхонаи Истахр ба фармони Искандари Мақдунӣ, сӯзонидани китобҳои бешумори муғон дар Хоразм ҳангоми футуҳоти арабҳо, ба оташ задани Китобхонаи Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ, ки Абӯалӣ ибни Сино аз хазинаи беназиру ғании он ҳикоят кардааст, далелҳои равшане аз мақоми китобхона дар фарҳанг ва ҳувияти миллат аст.

Миллате, ки аз неъмати саводу донишҳои муосир истифодаи дуруст намекунад, ҳамеша зердасти кишварҳои пешрафтаву қудратманд аст. Хурофот, тақлидҳои кӯр-кӯрона, нодорию гуруснагӣ, пайдоиши ақидаҳои ноҳақу ифротӣ, мақсадҳои ноогоҳонаву зарарнок бештар дар ҷомеае зуҳур мекунанд, ки пешрафти илмию фарҳангии дуруст надорад. Танҳо бо истифодаи фаъол ва ҳамарӯза аз фарҳангу дониш метавонем кишварамонро ба корвони тамаддуни муосир ҳамроҳ намоем, зеро дар дунёи кунунӣ асоси пирӯзӣ ва калиди муваффақияти ҳар гуна фаъолият илму дониш аст.

Муҳимтарин ниҳоде, ки вазифадор аст ниёзҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иттилоотии ҳама қишрҳои ҷомеаро новобаста аз синн, ҷинс, дин, мазҳаб, дараҷаи таҳсилот бароварда созад, китобхона аст. Нақши китобхонаҳоро ҳамчун ниҳоди калидии фарҳангӣ дар пешрафти ҷомеа наметавон нодида гирифт. Ҳар китобхона вобаста ба вазифа ва ҳадафҳои хеш дар қонеъ намудани талабот ва ниёзҳои хонандагонаш нақшаву барномаҳои хешро таҳия намуда, фаъолияти худро созмон медиҳад. Нахустин гоми ҷиддӣ дар роҳи донишомӯзӣ аз китобхона оғоз мешавад. Дар асри навин китобхона дар боло бурдани сатҳ ва сифати муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеа саҳми бузург дорад. Аз ин рӯ, дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ ин ниҳоди муҳими илмию фарҳангию иттилоотӣ бояд бо технологияҳои пешрафта муҷаҳҳаз бошад, то тавонад вазифаи иттилоърасонӣ ва паҳну дастрас намудани навгониҳои илмию техникии ҷаҳони муосирро бо беҳтарин ва босуръаттарин шева анҷом диҳад.

Ҷаҳони имрӯз дар ҳоли ҳаракат ба сӯи бунёд кардани ҷомеаи донишмадор аст. Падидаи интернет мисоли равшане аз чунин ҷомеа аст. Созмонҳои донишмеҳваре, мисли Академияи илмҳо, Академияи илмҳои тиб, Академияи кишоварзӣ, Академияи таҳсилот, донишгоҳҳову донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тахассусии кишвар истифодакунанда ва тавлидкунандаи дониш ҳастанд. Дар чунин шароит корманди китобхона барои дуруст иҷро намудани вазифаҳояш бояд тавонмандиҳои бештару беҳтар нисбат ба низоми анъанавӣ ва маъмулию содаи пешин дошта бошад. Роҳи ягонаи китобхонаҳо дар чунин фазо мусаллаҳ шудан бо донишҳои муосири технологӣ аст.  Барои сохтани ҷомеаи донишмеҳвар моро лозим аст барномаҳои пешрафти соҳаҳои мухталифи кишварро бо назардошти аҳамияти воситаҳои ҷадиди иттилоот таҳия ва танзим кунем.

Фарҳангу маданияти анъанавии мо, ки дар тӯли таърих полоиш ёфта, ҳувияти миллии моро то андозае сомон бахшидааст, дар меҳвари  таҳдидҳои ҷиддӣ қарор гирифтааст. Олами интернет олами маҷозист ва аз ҷаҳони воқеии мо фарқ мекунад. Дар олами маҷозӣ инсон дар муҳите бидуни сарҳад қарор мегирад, ки аз фарҳангҳои мухталиф созмон ёфтааст. Бар иловаи ҷанбаҳои хуб ва фоидаовар, интернет метавонад зиёну фитнаҳоеро дар ҷомеа ба вуҷуд оварад.  Яке аз андешамандони муосир Жан Бодрийар ба ин бовар аст, ки дар олами иттилооти муосир таҳриф ҷойи ҳақиқатро гирифтааст. Ӯ таъкид мекунад, ки бисёре аз бешарафиву тундравиҳо аз камиттилоӣ нест, балки аз теъдоди аз ҳад зиёди иттилоърасонист. Дар бисёре аз мавридҳо мавҷуд будани иттилооти беш аз ҳад сабаби инҳирофоту  каҷравиҳо дар ҷомеа мешаванд, зеро бо афзудани теъдоди иттилоот инсон фурсати  таҳлилу арзёбии онҳоро намеёбад ва дар натиҷа наметавонад бо баррасии ҷиддию ҳаматарафаи онҳо ба натиҷаҳои матлуб бирасад ва бар асоси натиҷагириҳои хеш амал кунад. Чунин вазъият дар ҷаҳони иттилоот ба он меоварад, ки дар оянда иттилоот маънои иртиботии худро то андозае аз даст хоҳад дод.

Афзоиши таҳмилҳои бегонаи фарҳангию динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, бахусус дар зеҳни ҷавонон аз тариқи фазои маҷозӣ ва интернет сурат гирифта, пайравии кӯр-кӯронаву ноогоҳона аз падидаҳои зоҳирии суннатҳои бегона ба анъанаҳои миллии мо халал ворид менамояд. Чопи аксҳои даҳшатангезу ғайриахлоқӣ, навиштаҳои ғайриилмии тавҳиномез нисбат ба муқаддасоти миллию фарҳангӣ, маводи мухталифи муғризонаи хушунатангез ба хотири тафриқаандозӣ дар ҷомеа аз тарафи неруҳои манфиатталаб сабаби осебҳои равонию иҷтимоии ҷомеа мегардад. Ин навъи иттилоотро наметавон як зуҳуроти зоҳирӣ пиндошт. Дар зери ин «ниқоб» вирусҳое нуҳуфтаанд, ки бар андешаи мардум таъсири амиқ мегузоранд.

Вазифаи китобхонаҳо дар чунин вазъият аз он иборат аст, ки ҳарчи бештар қишрҳои мухталифи ҷомеаро ба ниҳодҳои хеш ҷалб намуда, аз тариқи роҳнамоиҳои ҳирфаӣ завқу хоҳишҳои ононро ҷиҳати истифода аз саҳифаҳои созанда ва омӯзандаи интернет бедор намоянд. Чунин тарзи ҳадафноки истифода аз интернет боис мешавад сатҳи гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро дар миёни миллатҳои мухталиф боло бурда, имкони шинохти беҳтару бештари ҷомеаи башариро неру бахшид.

Дар замони мо иттилоот яке аз унсурҳои муҳими рушди ҷомеа аст. Инсони имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ: илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба дониш ва огоҳиҳои созмондодашудаву маънидор, ки дар олами ҳастӣ ҳамвора ба зуҳур мерасанд, ниёз дорад. Ҳар кишваре, ки хостори пешравӣ ва таҳаввулу ташаккули ҷомеааш ҳаст, бояд аз иттилоот баҳраманд бошад, бахусус дар замони мо, ки суръати густариши фазои иттилоотӣ ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо дарки аҳамияти иттилоот ва таъсири он ба ҷомеа дар ин соҳа сармоягузориҳои зиёд кардаанд. Масалан Япония, Малайзия, Сингапур ва кишварҳои пешрафтаи олам бар асоси фоидамандии иттилоот ба муваффақият ноил шудаанд.

Китобхонаҳое, ки технологияҳои нави фаъол надоранд, наметавонанд дар ҷаҳони муосир нақши фарҳангиро иҷро кунанд. Нодида гирифтани пешравию навгониҳо дар технологияҳои иттилоотӣ ва мавриди истифодаи густарда қарор надодани онҳо дар интиқоли падидаҳо ва навгониҳои илмию фарҳангӣ моро дар ҳолати ногувори пайравии кӯр-кӯрона  қарор хоҳад дод ва заминаи ворид гардидани ҳар гуна падидаҳои номатлубу зараровари фарҳанги бегонаро фароҳам хоҳад овард.

Китобхона ба ҷамъоварӣ, захира ва мубодилаи дониш сарукор дорад ва бо омодаву бастабандӣ кардани иттилоот дар шакли осону писандида ба интиқол ва мубодилаи дониш ёрӣ мерасонад. Дар кишваре, ки дониш ва воситаҳои иртиботӣ вазъи нигаронкунанда доранд, китобхона бояд нақши муассиртареро дар ҷомеа иҷро намояд. Бояд дар таъмини ҳамешагии молию зеҳнии китобхонаҳо ва ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ будани низоми таълим дар факултаҳои китобдории донишгоҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Мақомоти ваколатдори соҳа барои  таҳким бахшидан ба кори курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзии китобдорон, ки дар Китобхонаи миллӣ фаъолият мекунанд, ҷудо намудани квотаҳои махсус барои таҳсил дар донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ дар соҳаҳои мухталифи китобдорӣ, дастгирии молии китобхонаҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ, ноҳиявию ҷамоатҳои деҳот бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Дар барномарезиҳои мақомоти давлатӣ китобхонаҳо бояд ҷойгоҳи муносиб дошта бошанд, то битавонанд дар таҳким бахшидани пояҳои давлати мустақили Тоҷикистон ва густариши ҳарчи бештари идеологияи миллӣ таъсири амиқ расонанд.

Омода намудани замина барои дастёбӣ ба иттилооти дурусту фоидаовар фарҳанги миллатро тавсеа бахшида, ниёзҳои моддию маънавии онро бароварда карда, сатҳ ва сифати зиндагии моддию маънавии шаҳрвандонро бо суръати бештар пеш мебарад. Дар замони муосир пешрафти ҳар кишвар дар заминаи илму дониш фароҳам хоҳад шуд. Дар кишваре, ки шароити рушди китобхонаҳо фароҳам карда шудааст, ҷомеаи он давраҳои тараққиро яке паси дигар ба осонӣ тай намудааст ва он ҷое, ки китобхонаҳо дар кунҷи фаромӯшӣ ва камтаваҷҷуҳӣ қарор гирифтаанд, ҷомеа дар ҳоли таназзул қарор дорад. Бовар дорам, ки бо аз бар кардани илмҳои муосир ба пешравӣ ноил шуда, роҳи расидан ба ормонҳои миллию башарӣ бо боло бурдани фарҳанги китоб, китобхонӣ ва китобдорӣ бароямон муяссар мешавад.

         Шодимуҳаммад СӮФИЗОДА,

директори Китобхонаи марказии илмии

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2017 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд