Валентина Матвиенко гурӯҳи вакилони тоҷикро бо медали ҷашнӣ сарфароз гардонид
ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, раиси Шӯрои Федератсияи Россия Валентина Матвиенко иддае аз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо медали ҷашнии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил («МПА СНГ.25 лет») сарфароз гардиданд.
Медалҳои ҷашниро Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров 28 июн дар маросими ботантана ба намояндаи комилҳуқуқи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вакилон Эмомалӣ Насриддинзода, Ҷӯрахон Маҷидзода, Шариф Раҳимзода, Рустам Латифзода, Лутфия Раҷабзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Абдураҳим Холиқзода, Шарофиддин Сироҷов, Мирзодавлат Сабурзода, Ҷаббор Ахмедов, муовини аввали Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Таваккал Зарипов, мудири котиботи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Хурсандмурод Саидмуродов супорид.
Ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони Маҷлиси намояндагон Толиб Бухориев, Олим Бобоев, Сафаралӣ Раҷабов, Ҷамшед Саидов, Мирзоанвар Ахмедов, Абдуалим Ғаффоров, Амрихудои Дамдор, Баҳром Абдуҳалимов «Нишони хотиравӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро тақдим намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






