Валентина Матвиенко гурӯҳи вакилони тоҷикро бо медали ҷашнӣ сарфароз гардонид

Июнь 28, 2017 17:18

ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, раиси Шӯрои Федератсияи Россия Валентина Матвиенко иддае аз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо медали ҷашнии    Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил («МПА СНГ.25 лет») сарфароз гардиданд.

Медалҳои ҷашниро  Раиси  Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров 28 июн  дар маросими ботантана ба намояндаи комилҳуқуқи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вакилон  Эмомалӣ Насриддинзода, Ҷӯрахон Маҷидзода, Шариф Раҳимзода, Рустам Латифзода, Лутфия Раҷабзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Абдураҳим Холиқзода, Шарофиддин Сироҷов, Мирзодавлат Сабурзода, Ҷаббор Ахмедов, муовини аввали Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Таваккал Зарипов, мудири котиботи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Хурсандмурод Саидмуродов  супорид.

Ҳамзамон  Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони Маҷлиси намояндагон Толиб Бухориев, Олим Бобоев, Сафаралӣ Раҷабов, Ҷамшед Саидов, Мирзоанвар Ахмедов, Абдуалим Ғаффоров, Амрихудои Дамдор, Баҳром Абдуҳалимов «Нишони хотиравӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро тақдим намуд.

Июнь 28, 2017 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид