Вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ ҳамкории дуҷониба ва бисёҷонибаро муҳокима мекунанд

Июнь 28, 2017 11:56

ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Мувофиқи иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон Рамил Усубов, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус Игор Шуневич,  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Улан Исроилов, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколсев, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова Олег Бабин, муовини Сардори политсияи Ҷумҳурии Арманистон Вардан Егиазарян, Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ Олег Коновалов, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Конисбек Жусупбеков ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Вазири корҳои дохилаи мамлакат генерал-лейтенант Рамазон Раҳимзода муаррифӣ мекунад.

Мувофиқи хабарӣ расмӣ, вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ масъалаҳои тақвият додани мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва таҳдиду хатарҳои замони муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба беҳтар намудани сифат ва баланд бардоштани ҳамкории самараноки дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор мекунанд. Дар ҳузури намояндагони ВАО зикр шуд, ки танҳо тавассути ҳамкории муштараки вазоратҳои дахлдор кишварҳои ИДМ метавонанд дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои террористӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба натиҷаҳои қаноатбахш муваффақ шаванд.

Хотиррасон мекунем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз шурӯи ҷаласа вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ-ро субҳи имрӯз дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфта, ба кори ҷаласа натиҷаҳои бобарорро орзу карданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохили кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил дар Душанбе то 29 июни соли ҷорӣ идома меёбад.

Июнь 28, 2017 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд