Вохӯрии кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон бо фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ
ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди ноҳия, аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Гулистон ва ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бо ҷавонон, фаъолон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибони масҷидҳои ноҳия вохӯриҳо доир намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорат хабар доданд, дар вохӯриҳо ба масъалаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистидошта ва роҳҳои пешгирии он диққати махсус дода шуд. Муовини сардори ХПҲНҶ полковники милитсия Баҳром Шокирзода зимни суханронӣ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ намуда, бандҳои алоҳидаи қонуни мазкурро мавриди муҳокима қарор дод. Ҳамчунин ба ҳозирин мисолҳои мушаххас аз ҷинояту ҳодисаҳои дар ноҳия ба вуқӯъомада ёдовар шуда, зикр кард, ки ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ҷиҳати пешгирии ҷинояту чинояткорӣ бо кормандони милитсия ҳамкориро ба роҳ монда, ба манфиати давлату ҷомеа хизмат намояд.
Ба зикри манбаъ, робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа дар раванди пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ муҳим арзёбӣ гардида, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри боз ҳам тақвият бахшидани кор дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






