Вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Июнь 29, 2017 10:07

ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов вохӯрӣ доир намуд.

 

 

0048Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ ба густариш ёфтани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзо мусоидат намуда, равобити онҳоро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд.

 

 

Июнь 29, 2017 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад