Вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов вохӯрӣ доир намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ ба густариш ёфтани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзо мусоидат намуда, равобити онҳоро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






