ЁДКАРДИ УСТОД АЙНӢ. Озмуни навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият»
ДУШАНБЕ, 23.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ озмун эълон намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз идораи рӯзнома хабар доданд.
Дар озмун олимону адибон, публитсистону журналистони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.
Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ дар ҳаҷми то 3 саҳифа ба ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд. Суроғаи электронӣ: jumhuriyat@bk.ru
Озмун аз 1 июн то 15 сентябр идома ёфта, дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Барои ҷойи аввал 5000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 3000 ва барои ҷойи сеюм 1500 сомонӣ муқаррар карда шудааст.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






