21 нафар лижарон дар мавзеи «Хоҷа Оби Гарм» ба тамрин сафарбар гардидаанд

Июль 27, 2017 10:01

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо 21 нафар варзишгарон аз намуди лижаронӣ дар мавзеи  «Хоҷа Оби Гарм»-и ноҳияи Варзоб зери сарпарастии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон ба бозиҳои олимпӣ омодагӣ дида истодаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода 26 июли соли равон ба мавзеи «Хоҷа Оби Гарм»-и ноҳияи Варзоб сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафари корӣ раиси Кумита бо ҷараёни омодагии лижаронҳо ва шароити тамрини онҳо аз наздик шинос гардид. Дар ҷараёни шиносоӣ бо вазъи тамрин ва омодашавии лижаронон Аҳтам Абдуллозода аз дастгириҳову ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон ёдовар гардида, таъкид намуд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии мамлакат имрӯз варзишгарони мо дар мусобиқаҳову олимпиадаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ иштирок намуда, ба муваффақиятҳо ноил мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон барои варзишгарон дар мавзеи «Хоҷа Оби Гарм» пайваста ҷамъомадҳои машқию таълимӣ  ташкил карда мешаванд. Таҳти сарпарастии ин ташкилот варзишгарони ин намуд аллакай дар чандин мусобиқаҳои сатҳи баланди варзишӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, ки қобили ифтихор аст.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои зимистонаи навбатии олимпӣ соли 2018 дар давлати Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда, варзишгарони тоҷик низ дар он иштирок мекунанд.

 

Июль 27, 2017 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд