26 июл — Рӯзи байналмилалии эсперанто. Дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони ин забони байналмилалӣ зиёданд

Июль 26, 2017 16:12

ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар замоне, ки тамаддунҳо омезиш доранду  навъҳои муосири воситаҳои иртиботӣ донишу ҷаҳонбинӣ ва  афкори ҷомеаро дигаргун месозанд,  эҳтиёҷи одамон ба як забони муоширати байналмилалии бетараф меафзояд. Чунин ақида  ҳанӯз дар оғози асри XIX ба вуҷуд омада буд. Баъдтар  муҳаққиқон ба хулосае омаданд, ки бояд забони бетарафи  байналмилалӣ сохта шавад. Дар ин росто забонҳои зиёди  сунъӣ ба вуҷуд омаданд, ки маъруфтарини онҳо забони эсперанто ба ҳисоб меравад. Забони эсперанторо 26 июли соли 1887 дар Полша духтури чашм Людвик Лазар Заменгоф сохтааст.

Дар ҷаҳон оид ба зарурату аҳамияти забони ягонаи сунъии байналмилалӣ андешаҳои гуногун вуҷуд доранд, аммо ба  ақидаи донишмандон мавҷудияти чунин забон  ба одамон имкон медиҳад, ки фикри ҳамдигарро бифаҳманд, табодули таҷрибаи илмиву истеҳсолӣ намоянд ва вазъи зиндагиашонро беҳтар гардонанд. Андешаи ба вуҷуд овардани  забони байналмилалиро бори нахуст дар ҷаҳон Афлотун пешниҳод намуд, вале ба амалӣ гардонидани он муваффақ нашуд. Зеро дар он замон барои сохтани забони сунъӣ заминаҳои моддиву маънавӣ  вуҷуд надоштанд. Танҳо дар садаи XIX олимони Аврупо ба офаридани забони сунъӣ барои муоширати байналмилалӣ саъй намуданд.  Тибқи омор, то имрӯз дар ҷаҳон ҳудуди 900 забони сунъӣ ба вуҷуд омадааст, аммо ҳеҷ яке бо забони эсперанто муқовимат карда натавонистааст. Феълан дар ҷаҳон истифодабарандагони забони эсперанто дар асоси баҳогузории гуногун 2 млн. нафарро ташкил медиҳанд. Эсперанто аз решаи эсперо-умед, умедкунанда гирифта шуда, барои ҳамбастагии тамоми миллатҳо сохта шуда, ҳадафаш омӯзиши зуд ва осон арзёбӣ мегардад.

Омӯзиши забони байналмилалии эсперанто дар Тоҷикистон бори нахуст соли 1980 ба роҳ монда шудааст. Он вақт як гурӯҳ ходимони Академияи илмҳо барои паҳн кардани ин забон маҳфил ташкил карданд. Машғулияти аввалинро ходими илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, адъюнкти Академияи байналмилалии илмҳо Фирдавс Шукуров гузаронд. Ассотсиатсияи эсперантодонҳои Тоҷикистон соли 2005 ташкил шуда, 10 августи соли 2007 дар Конгресси байналмилалии эспирандонҳо дар Икогамаи Ҷопон  ба Ассотсиатсияи эсперантони ҷаҳон пазируфта шуд.

Имрӯз раисии Ассотсиатсияро ходими илмии Институти математикаи ДМТ Фирдавс Шукуров  бар уҳда дорад.

Фирдавс Шукуров _4Тавре Фирдавс Шукуров ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар аввали солҳои 90 асри ХХ бинобар сабаби ҳодисаҳои сиёсӣ ба забони эсперанто дар Тоҷикистон ва собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ таваҷҷуҳ кам шуд. Хушбахтона, солҳои охир дар ҷумҳурии мо низ ҳаводорони ин  забон зиёд шудаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар кишвари мо китобҳои зиёд, аз ҷумла «Луғати русӣ-эсперанто»,  мақолаҳо дар соҳаи геология, шеърҳои асосгузори адабиёти классикии тоҷик устод Рӯдакӣ, инчунин сурудҳои сарояндаҳои машҳур, аз қабили Аҳмад Бобоқул, Туҳфа Фозилова ва дигарон ба забони эсперанто тарҷума шуда, ба табъ расидаанд.

Тавре Фирдавс Шукуров мегӯяд: «Грамматикаи забони эсперанто ҳамагӣ 16 қоида дорад  ва ҳар нафаре, ки онро меомӯзад, давоми 3-4 моҳ ин забонро аз худ мекунад. Забони эсперанто дар заминаи забонҳои аврупоиву шарқӣ сохта шуда, феълҳои номуайян надорад. Дар он ҳама таркибҳои забонӣ муайяну мушаххас мебошанд».

Бино ба иттилои номбурда, барои омӯзиши ин забон дар даҳ кишвари ҷаҳон барномаҳо таҳия гардида, дар 50 мамлакат маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ мерасанд ва чандин сомонаҳо амал мекунанд. Омӯзиши он тавассути шабакаи интернет ҳам барои хоҳишмандон дастрас аст.

Дар интиҳои суҳбат Фирдавс Шукуров гуфт, ки дар замоне, ки истифода аз иттилоот дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон густариш пайдо мекунад, робитаву ҳамкории намояндаҳои ҳамаи миллатҳою халқҳо ва масъалаи интихоби воситаҳои алоқа аҳамияти хосаро касб мекунад. Ҳар кас метавонад  аз шабакаи ҷаҳонӣ (интернет) дар бораи беш аз сад забон маълумот гирад. Аммо ёд гирифтани забони эсперанто барои аз худ кардани забонҳои этникӣ, хусусан забонҳои аврупоӣ бисёр кумак мерасонад.

Мавҷуда АНВАРӢ

Июль 26, 2017 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид