Аҳтам Абдуллозода: «Як худи ҳамин сол ба Комроншоҳ Устопириён барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ наздик ба 95 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст»

Июль 14, 2017 11:22

ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гуруҳи корӣ варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳ Усторпириёнро барои риоя накардани меъерҳои ахлоқӣ дар рафти қувваозмоӣ  ба муддати 2 сол аз ширкат кардан дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар кишвар маҳрум намудааст. Ин нуктаро 13 июли соли равон  зимни нишасти хабарӣ  Раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар ҷавоб ба суоли  хабарнигорон тавзеҳ дод.

Ба иттилои номбурда, қароре, ки нисбати варзишгар Комроншоҳ Устопириён қабул гардид, қарори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон не, балки қарори гурӯҳи корие буд, ки дар доираи фаъолияти мутахассисони варзидаи варзиш, зери роҳбарии чемпиони олимпӣ Дилшод Назаров ва дар ҳайати намояндагони федератсияҳои варзишӣ, ки  ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд, қабул гардидааст.

«Ин қарор қарори гурӯҳи корӣ мебошад. Дар вақти  баррасӣ гардидани тамоми паҳлӯҳои қазия худи Комроншоҳ Устопириён ва падараш, ки муррабиаш аст, даъват шуданд ва ҳар сонияи навори видеоиро дида, баррасӣ карданд. Ба   хулоса омаданд, ки довар  дар ҳаққи варзишгар ба ноҳақӣ роҳ надодааст»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Тавре  Раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, Комроншоҳ Устопириён то  ба имрӯз аз ҷиҳати молиявӣ дар доираи маблағҳои буҷаи давлатӣ дастгирӣ мешавад. Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон наздик ба 95 ҳазор сомонӣ барои иштироки ин варзишгар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сарф шудааст.

«Дар чор соли гузашта аз ҳама бештар варзишгар Комроншоҳ Устопириён, ба  андозаи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ, маблағгузорӣ гардид, ки ин миқдор маблағ аз сарчашмаҳои гуногуни буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст. Бояд гуфт, ки дар 4 соли гузашта маблағгузорие, ки ба Комроншоҳ Устопириён сурат гирифтааст,  ба Дилшод Назаров ин миқдор маблағгузорӣ набуд», баён дошт Раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода.

Бино ба гуфти  номбурда,  барои ҳар як миллат ахлоқ дар ҷои аввал меистад ва дар ҷомеаи имрӯза варзишгорон шахсе ба ҳисоб мераванд, ки муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд ва онҳо бояд ҳам   маҳорати баланди варзишӣ дошта бошанд, ҳам масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳам хулқу ододи накӯ.

Ёдовар мешавем, ки  Комроншоҳ Устопириён дар Мусобиқаи гуштии «Ҷоми Пойтахт – 2017»,  ки рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе гузаронида шуд, иштирок намуда,  дар рафти қувваозмоӣ, мутаассифона,  меъерҳои ахлоқиро дағалона вайрон намуд: ӯ рақиби худ ва доварро дар майдон, дар ҳузури садҳо нафар тамошобинон бо ишораи даст дашном дод.  Гуруҳи корӣ ин амали варзишгарро маҳкум намуда, паҳлавони шинохтаро аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои гуштини миллӣ дар кишвар маҳрум намуд.

Июль 14, 2017 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад