Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: дар баъзе минтақаҳои кишвар гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорати ҳаво 40 дараҷаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят 29-34 дараҷа ва дар шарқи он 17-22 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 35-40 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва раъду барқ пешгӯӣ шуда, ҳаво 33-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гардида, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо ба 33-38 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, ҳарорат 36 – 38 дараҷаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






