Аминзода ба гумрукчиён роҳу усулҳои мубориза бо коррупсияро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 14.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» зимни ҷамъомаде, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсии мақомоти мазкур бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.
Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Бобоев оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида вобаста ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» сухан кард. Инчунин доир ба бартараф намудани сабаб ва шароити ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳият ва ҳадафи Стратегияи мазкур Нигора Аминзода, сардори Раёсати 2 — юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.
Аз Хадамоти гумрук ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷамъомад хавфҳо, роҳу усулҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, иҷрои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва татбиқи он тавзеҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҷамъомаду вохӯриҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории муштараки мақомоти зиддикоррупсионӣ ва гумрук дар самти ҷилавгирӣ ва муборизаи беамон бо ин зуҳуроти номатлуб- коррупсия заминаи мусоид фароҳам меорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






