Аминзода ба гумрукчиён роҳу усулҳои мубориза бо коррупсияро тавзеҳ дод

Июль 14, 2017 16:08

      ДУШАНБЕ, 14.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» зимни ҷамъомаде, ки  дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсии мақомоти мазкур бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.

Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Бобоев оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида вобаста ба  татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» сухан кард. Инчунин доир ба бартараф намудани сабаб ва шароити ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  моҳият ва ҳадафи Стратегияи мазкур Нигора Аминзода,  сардори Раёсати 2 — юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.

Аз Хадамоти гумрук ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷамъомад хавфҳо, роҳу усулҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, иҷрои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва  татбиқи он тавзеҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҷамъомаду вохӯриҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории муштараки мақомоти зиддикоррупсионӣ ва гумрук дар самти ҷилавгирӣ ва муборизаи беамон бо ин зуҳуроти  номатлуб- коррупсия  заминаи мусоид фароҳам меорад.

Июль 14, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад