Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои СММ ва Канада баррасӣ гардид

Июль 18, 2017 16:43

ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Раиси Иҷлосияи 71-уми Маҷмааи Умумии СММ Питер Томсон мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳадафҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои СММ, аз ҷумла масоили ҷории иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор табодули назар намудаанд.

Nematullo Hikmatullozoda and Canadian FMҲамзамон худи ҳамон рӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири корҳои хориҷии Канада Кристиа Фриланд мулоқот намуд, ки дар ҷараёни он масоили мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Канада баррасӣ гардида, вобаста ба масъалаҳои марбут ба бозори меҳнат, об ва рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифт.

Июль 18, 2017 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад