Ба 80 нафар хатмкунандагони Донишкадаи олии сарҳадии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии «лейтенант» супорида шуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе маросими супурдани дипломҳо ба 80 нафар хатмкунандагони Донишкадаи Олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти КДАМ ҶТ, фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони гурӯҳи сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, раиси Шӯрои собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, устодону омӯзгорони Донишкадаи Олии сарҳадӣ ва падару модарони афсарони ҷавон иштирок карданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ М.Улуғхоҷаев иттилоъ дод.
«Ба 80 нафар хатмкунандагони Донишкадаи Олии сарҳадӣ дар баробари диплом аввалин рутбаи ҳарбии афсарӣ – лейтенант дода шуд», — гуфт М. Улуғхоҷаев.
Мавриди зикр аст, ки Донишкадаи Олии сарҳадии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2001 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, 25 майи соли 2004 аввалин хатмкунандагони омӯзишгоҳ – 28 нафар сарҳадчиёни ҷавон барои муҳофизати марзу буми Тоҷикистон аз ин Донишкада роҳхат гирифтанд.
«Хатмкунандагони Донишкада соҳиби маълумоти соҳавӣ ва ҳуқуқшиносӣ мегарданд. Муҳлати таълим дар Донишкада чор сол буда, ба хатмкунандагон рутбаи ҳарбии «лейтенант» ва дипломи маълумоти олӣ дода мешавад», — гуфт сардори хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ва таъкид намуд: «Хатмкунандагони Донишкада баҳри дифои сарҳади давлатӣ ба ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон фиристонида мешаванд».
Ҳоло дар Донишкадаи Олии сарҳадии Тоҷикистон кафедраҳои тактикаи умумӣ, тактикаи сарҳадӣ фаъолият карда, ба сарҳадбонони оянда фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва нозукиҳои ҳарби тан ба тан ва инчунин тарбия ва машқи бадан омузонида мешавад.
Дар Донишкадаи Олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, омода ва тарбия намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.
Донишкадаи Олии сарҳадӣ бо тамоми шароитҳои моддӣ ва таълимӣ таъмин буда, аз ҷумла хобгоҳ, ошхона, толори варзишии замонавӣ, хонаи фароғатӣ ба таври замонавӣ муҷаҳаз шудаанд. Синфхонаҳои таълимии донишомӯзон – афсарони ояндаи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо компютерҳо таъмин буда, барои аз худ намудани дарсҳои амалӣ ва назариявӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд.
«Курсантони Донишкадаи Олии сарҳадӣ ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат омодаанд, баҳри ҳифз ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон сина сипар намуда, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатии кишвари хешро пос доранд», — зикр кард М.Улуғхоҷаев.
Акрам САНГЗОДА













Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






