Ба истифода додани майдончаи варзишӣ дар Душанбе аз ҷониби Хадамоти гумрук

Июль 4, 2017 09:13

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе боз як майдончаи варзишӣ аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии майдонча 750 метри мураббаъро ташкил дода, дар назди бинои рақами 96-и хиёбони Рӯдакии  ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт  воқеъ аст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрук хабар доданд,  майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, нишастгоҳҳо ва низоми равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳамчунин дар назди майдонча макони бозии кӯдакон бунёд гардидааст, ки дар он барои истироҳати кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар қисмати дигари майдонча барои сокинон мавзеи истироҳату фароғат бунёд гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими ба истифода додани майдончаи варзишӣ муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, сардори Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самеъ иштирок намуда, бунёди майдончаро қадами муассир дар самти рушд ва оммавӣ гардонидани варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони пойтахт, хусусан наврасону ҷавонон арзёбӣ карданд.

 

 2 1

Июль 4, 2017 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад