Ба истифода додани майдончаи варзишӣ дар Душанбе аз ҷониби Хадамоти гумрук
ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе боз як майдончаи варзишӣ аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии майдонча 750 метри мураббаъро ташкил дода, дар назди бинои рақами 96-и хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт воқеъ аст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрук хабар доданд, майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, нишастгоҳҳо ва низоми равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳамчунин дар назди майдонча макони бозии кӯдакон бунёд гардидааст, ки дар он барои истироҳати кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар қисмати дигари майдонча барои сокинон мавзеи истироҳату фароғат бунёд гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ба истифода додани майдончаи варзишӣ муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самеъ иштирок намуда, бунёди майдончаро қадами муассир дар самти рушд ва оммавӣ гардонидани варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони пойтахт, хусусан наврасону ҷавонон арзёбӣ карданд.










Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






