Бонуи тоҷик, ки бо илм шуғл меварзад ва мисли пуле Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайвандад

Июль 12, 2017 08:32

ДУШАНБЕ, 12.07.2017. /АМИТ «Ховар»/ Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз  солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ  ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз  чандин санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонидааст, ки онҳо  ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла, Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» муҳимтарин санадҳое мебошанд, ки барои беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии занон нақши ҳалкунанда мебозанд.

Дар натиҷа, солҳои охир нақши занони мутахассису соҳибтаҷриба дар рушди соҳаҳои гуногуни идоракунӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи илм  торафт бештар ба назар мерасад.  Яке аз чунин бонувони муваффақи тоҷик Санавбарбону Воҳидова, доктори илмҳои таърих, мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Пажӯҳишгоҳи омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Санавбарбону Воҳидова солҳои тӯлонӣ риштаи тозаи илмиро дар иртибот ба равобити Шарқу Ғарб  кор мекунад ва мақолаҳояш на танҳо дар Тоҷикистон, балки  дар Канада, Германия, Франсия, Австрия, Полша, Италия, Эрон ва Ҳиндустон низ  рӯи чоп омадаанд. Муаллифи 6 манаграфияи илмӣ буда, соли 2015 китобаш бо номи  “Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар пажуҳишҳои Урупоӣ” (қарни 17 — аввали қарни 21) ба забони форсӣ ба нашр расидааст. Сӯҳбат бо ин зани донишманд бароямон дари ҷаҳони илму маърифатро боз намуд.

 — Сараввал мегуфтед, ки оё имрӯз таъсири фарҳанги Аврупо ба Шарқ, алалхусус ба Тоҷикистон мушоҳида мешавад?

— Вақте, ки мо Аврупо мегӯем, ҷаҳонишавии фарҳангҳову тамаддунҳо ба назар гирифта мешавад. Аммо вақте илми бунёдиро ба назар мегирем, ҷоиз аст гуфтан, ки олимони Аврупо бевосита мероси ғании Шарқро ҳаматарафа омӯхта, бо мероси ғании Ғарб муттаҳид намудаанд. Вақте  роҷеъ ба фарҳангӣ Шарқу Ғарб сухан меронем, мукотибаи ду шахсиятҳои бузург Робиндранат Такури ҳинду бо Ромен Роллани фаронсавӣ пеши назарамон меояд. Таваҷҷӯҳ фармоед,  аввалӣ менависад: “Шумо фикр мекунед, ки дарҳақиқат мо, шарқиён ба илми бунёдии аврупоиён ниёз дорем. Агар пештар ниёз надошта бошем, алъон хеле ниёз дорем”. Дар ҷавоби мактуб Ромен Роллан менависад: “Шарқу Ғарб ба мисли мағзи сари инсон аз ду тараф аст, вақте, ки як тарафи мағзи сар бекор шавад, тарафи дигараш ҳам бекор мешавад. Бинобар ин Шарқу  Ғарб  ба ҳам пайванданд”.

Вақте, ки шоири шаҳири немис Гёте “Девони Ҳофиз”-ро мутолиа мекунад, аз зебогии баёни  Ҳофизи Шерозӣ, ки баъзан бо аломатҳо фикри худро баён мекард, мадҳуш мешавад ва “Девони Ғарбию Шарқӣ”-ро эҷод мекунад.  Вақте рӯзномаҳо  Гётеро “офтоби назми олам” муаррифӣ мекунанд, ӯ дар ҷавоб менависад: “Ман дар осмони назм аслан офтоб не, балки моҳтоб ҳастам, ки нурҳои офтобро инъикос мекунам. Офтоб дар Шарқ тулуъ кардааст  ва номи ӯ Ҳофизи Шерозист”.

Беҳуда нест, ки дар кишвари Олмон 200 маротиба “Девони Ҳофиз”-ро рӯи чоп овардаанд!

Мо дар аввал Ҳофизро ба таври худ мешинохтем, аврупоиён ӯро ба мо дубора шиносонданд. Тавре медонед, таваҷҷӯҳ ба ӯ, шӯҳрат ва маъруфияти ӯ на танҳо дар байни аврупоиён, балки дар тамоми олам тавассути ғазалҳои нотакрораш аст. Ба лисон-ул ғайб ва  забони пурасрораш нигоҳ накарда, ғазалҳои дилошӯбаш тамоми оламро  тасхир кардааст. Асрори ин шуҳрат дар гавҳарҳои сатрҳои он мебошад. Аз ғазалҳои Ҳофиз ба тамоми олам накҳати ишқи пок ва ҳақиқат мевазад ва ин накҳат ба тамоми олам паҳн мешавад.

Умари Хайёмро Ғарб ҳамчун олим ва риёзидон мешинохт. Аз рўи тақвими Умари Хайём дар донишгоҳҳои Германия ва Испания дарс мехонданд. Вақте  ки дар Англия рубоиёти Умари Хайём рўи чоп омад, мисли оташ тамоми дунёи инглисзабонро фаро гирифта, ба такон овард. Ногуфта намонад, ки яке аз олимони немис Э Кауэл соли 1856 ба Ҳиндустон ба шаҳри Калкута сафар карда, аз фанни таърих ва санскрит дарс мегӯяд. Ў дар китобхонаи Бодлеани Оксфорд осори хаттии Умари Хайёмро дастрас карда, нусхаи дигареро аз Бангола дарёфт мекунад. Ба устодаш Э. Фитс Ҷералд ин нусхаро гузошта менависад: “Ба устодам Эдвард Фитс Ҷералд барои тарҷума”. Дар ҷавоб устодаш меӯяд, ки оё назми нафиси Шарқро ман дарк карда метавониста бошам? Баъдан Эдвард Кауер ректори коллеҷи шаҳри Калкута интихоб мешавад. Хулоса, баъди хоҳиши севум устодаш “Рубоиёти Хаём”-ро тарҷума ва 139 маротиба ба забони инглисӣ нашр мекунад.

Ба ҳамин монанд, аврупоиён ба мо мероси ғании мо «Авасто»-ро шиносонидаанд. «Авасто»-ро олими фаронсавӣ Анкетил де Пурон дар қабилаҳои Ҳиндустон  дарёфт кард. Яъне ки аврупоиён барои муаррифӣ кардани фарҳанги Шарқ хеле саҳми бориз доранд.

— Бар ивази ин корҳое, ки Аврупоиён барои Шарқ карданд, Шарқ барои Аврупо чӣ кореро ба анҷом расонидааст?

— Дар мавриди таъсири Шарқ ба Ғарб якчанд мисол меорам. Вақте ки ман дар Донишгоҳи Лейпсиг будам, нимпайкараҳои Гален, Гипократ, Гёте ва дигаронро дидам, ки дар қатори онҳо Ибни Сино низ буд. Ман онро дида, ифтихор кардам. Вақте ба китобхона дохил шудам, шоҳиди он гардидам, ки дар охири қарни 16 ва аввали қарни 17 аз рӯи китоби «Ал Қонун»-и Ибни Сино дар тӯли 4 семестр факултаҳои муолиҷавӣ дарс хондаанд. Бинобар ин, китоби “Ал Қонун” дар Германия  мисли ганҷина маҳфуз аст.

Мо пеш аз ҳама аз гузаштагони худ, аз адабиёти ғании хеш ифтихор мекунем. Як мисоли дигар меорам. Вақте ман роҷеъ ба нақши занон дар илму фарҳанг ба хориҷиҳо лексия мехондам, доир ба Рӯдакӣ ҳарф мезадам, онҳо ба ман кӯмак мекарданду ҳамроҳи ман шеърҳои устод Рӯдакиро замзама мекарданд. Оё ин ифтихор нест? Оё ин подош нест? Ман метавонам гӯям, ки онҳо аз устод Мирзо Турсунзода низ бо лаҳҷаи худ шеърҳои зиёд медонанд ва умуман адабиёти тоҷикро хеле хуб медонанд. Яъне  Шарқ осори бузургашро ба Аврупо пешниҳод намуд ва Аврупо онро такмил дод ва бори дигар зинда намуд. Бинобар ин ба гузашти қарнҳо ва наслҳои оянда ин чиз абадӣ мемонад.

Яке аз тоҷикшиносони маъруфи Германия Бурҳард Брентес ба Тоҷикистон сафар менамояд ва вақти мулоқот бо собиқ президенти АИ ҶТ Муҳаммад Осимӣ суол медиҳад, ки шумо бар ивази  сафари тӯлонии ман ба Тоҷикистон чӣ подош хоҳед дод? Эшон дар посух гуфтаанд, ки ман китоби хеле бузурги ҳазорсаҳифагӣ роҷеъ ба ҳунари Осиёи Миёна ва Тоҷикистонро ҳадя хоҳам кард. Ин китоби худи Брентес буд, ки бо дастгирии Осимӣ ба нашр расид.  Брентес тамоми Тоҷикистонро сафар карда, ҳамаи риштаҳои ҳунарҳои зебоиро рӯи қоғаз овардааст. Ин китоб дар муддати чор рўз дар Вена бо теъдоди 5000 ҳазор нусха ба фурӯш рафтааст. Оё ин боси ифтихор нест?!

— Шумо, ки аслан шарқшинос ҳастеду бо шарқшиносони Аврупои ҳамкириҳои зич доред, гуфта метавонед, ки имрўз фарҳанги Ғарбро бо фарҳанги Шарқ чӣ мепайвандад?

— Чӣ гӯям… Масалан вақте, ки Шумо мусиқии хубро, новобаста ба он, ки ин мусиқии Ғарб аст ё Шарқ, мешунавед, ҳаловат мебаред. Мусиқии хуб ба инсон ҳаловат мебахшад, ки инро Ибни Сино ҳам чандин аср пеш гуфта буд. Фридрих Розан, яке аз мусиқишинос ва файласуфҳои машҳури  немис фармудааст: “Махсусан мусиқии Шарқ он қадар ба кас ҳаловат мебахшад, ки инсон аз шунидани он лаззат мебарад ва оромиш меёбад”. Бинобар ин мо наметавонем мусиқии хубро ба  шарқӣ ё ғарбӣ  ҷудо кунем. Ё ин  ки вақте сухан дар бораи суруди хуб меравад, бигзор забони онро надонем, лекин он ба мо ҳаловат мебахшад. Яъне ки он чизе хуб аст, он сарҳад надорад. Ва он мутааллиқ ба ҳама кишварҳо ва инсонҳо мебошад.

— То ҷое мо огоҳем, Шумо довталаби унвони узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон  ҳастед. Ва дар баробари ин шӯъбаи Аврупо ва Амрикоро  дар  Пажӯҳишгоҳи омўзиши давлатҳои Осиё ва Аврупо ба ўҳда доред. Метавонед, гўед, ки   барои рушди минбаъдаи илми тоҷик чӣ нақшаҳо доред?

—  Ман пеш аз ҳама мехоҳам, ки ҷавонони боистеъдодро табият кунам, ки ақалан ду забони хорҷиро мисли забони модарии худ донанд. Азбаски имрўзҳо ман мудирии шуъбаи Аврупо ва Амрикоро ба дўш дорам, сайъ мекунам, кишварҳоеро омўзем, ки аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ барои Тоҷикистон манфиат дошта бошанд. Чунки вақте мо Аврупо мегуем 27 кишвар шомили он аст, аз ин 27 кишвар мо ҳамаашро омўхта наметавонем, он кишварҳоро меомўзем, ки барои Тоҷикистон аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ муфид бошанд. Роҷеъ ба ин чиз то ба ҳол чизе ба нашр нарасидааст. Ё масалан, вақте сухан роҷеъ ба Амрико меравад, мо бояд Канадаро омўзем, чунки он дар ҷаҳон яке аз мувафақтарин давлат ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа кушишҳои зиёд мекунанд. Аммо худи занҳо аз ин фурсат дуруст истифода намекунанд. Масалан, аз 105 довталаб ҳамагӣ 5 нафар хонум барои мақоми узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супориданд.

Дар фарҷоми сухан бояд гуфт, ки ба узви вобастаи Академияи илмҳо бояд занҳои забондону соҳибистеъдод интихоб шаванд, ки илми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Мусоҳиб
Мазҳаб ҶУМЪА


Маълумоти АМИТ “Ховар”
:

Санавбарбону Воҳидова, доктори илмҳои таърих, шарқшинос, мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико Пажӯҳишгоҳи омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зодаи шаҳри Хуҷанди бостонӣ буда, таҳсилоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифтааст. Ў хатмкардаи факулаи романиву олмонии яке аз донишкадаҳои шаҳри Москва мебошад. Пас аз хатми донишкада дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва меросии хаттии АИ Тоҷикистон ба кору фаъолият шурўъ кардааст.   Санавбарбону дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузтарини Германия, аз ҷумла Академияи илмҳои Берлин,  Донишгоҳи Лейпсиг дар шуъбаи таърих ва мардумшиносии Академияи илмҳои Россия кору фаъолият кардааст. Донандаи забонҳои немисиву англисӣ ва форсӣ буда, муаллифи зиёда аз 100 мақола ва 6 монаграфия мебошад ва навиштаҳояш дар нашрияҳои ватаниву хориҷӣ  ба табъ расидаанд.

 

Июль 12, 2017 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин