Дар Душанбе иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ«Ховар»/. 24 июли соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид, ки он таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.
Вакилони халқ дар оғоз котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи кори онро тасдиқ карданд.
Тибқи рӯзномаи тасдиқгардидаи вакилони халқ дар кори иҷлосия масъалаҳо дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт, баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2017 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, ҳамчунин тасдиқи як силсила қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни муҳокимаи масъалаҳо таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини соҳаҳоро, қабл аз ҳама, ба иҷрои бечунучарои азхудкунии маблағҳои фондҳои асосии сохтмон, таъмини сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи истифодашаванда, инчунин такмили фаъолияти комиссияҳои давлатии қабули иншоот ҷалб намуда, оид ба беҳдошти вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва ҳисобкунакҳои об, барҳамдиҳии қарзҳо, ҷоннок намудани корҳо оид ба ифтитоҳи марҳилаи дуюми лоиҳаи обтозакунӣ, беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию муҳандисӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сарраёсати маориф вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр барои пешгирӣ ва кам кардани шумораи ноболиғони оворагард, талбандагон ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ бо саркардагони муноқишаҳо миёни хонандагони муассисаҳо чораҷӯӣ намуда, то охири сол ба Раиси шаҳр ахбор манзур намояд.
Дар иҷлосия таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботӣ бо сокинони пойтахт оид ба пешгирии пӯшидани сару либоси фарҳанги бегона, хурофотпарастӣ ва дигар омилҳои зараровари ҷомеа ҷоннок карда шуда, дар самти пешгирии касалиҳои сироятӣ, таъмини қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ корҳои амалӣ ба роҳ монда шаванд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати ба миқдори зарурӣ харидорӣ ва ба бозорҳои шаҳр ворид намудани маҳсулоти кишоварзӣ, муътадил нигоҳ доштани нархҳо ва пешгирии болоравии онҳо дар бозорҳои шаҳр, махсусан дар арафаи иди Қурбон ва ташкили ҷойҳои фурӯши чорвои қурбонӣ ва забҳи он мунтазам корҳои амалиро анҷом диҳанд.
Ба мақомоти марбута якҷо бо раисони ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хӯрокворӣ, либоси мактабӣ, мошинолоти кишоварзӣ, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, то 1 декабри соли 2017 ба Раиси шаҳр ахбор манзур намоянд.
Сохторҳои масъул ва раисони ноҳияҳои шаҳр вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷиҳати пурра пайваст шудани ҳамаи биноҳои истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, то мавсими зимистонгузаронӣ ба Раиси шаҳр ҳисобот пешниҳод намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳо бо қотеият талаб кард, ки тамоми камбудӣ ва нуқсонҳои мавҷударо сари вақт бартараф намуда, дар пешрафт, тараққӣ ва ободонии шаҳр дар роҳи фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми қишрҳои ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.
Бо ҳамин иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум кори худро анҷом дод.








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






