Дар Хуҷанд аз волидайн барои мактабу кӯдакистон таъмирпулӣ ситонида намешавад
ХУҶАНД, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли хониши 2017-2018 аз волидайни тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд барои таъмиру тармими мактабу кӯдакистонҳо аз ҷониби масъулини ин муассисаҳо маблағпулӣ ситонида намешавад. Минбаъд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки таъмиру тармими мактабу кӯдакистонҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷавии шаҳрӣ ба анҷом расонад. Ин нукта зимни баргузории нишасти хабарӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид гардид.
Вобаста ба рафти корҳои таъмиру тармим ва сохтмони мактабҳои нав раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла баён дошт, ки то имрӯз ба истиснои он мактабҳое, ки дар онҳо имтиҳонҳои қабул ба Маркази миллии тестӣ доир гардида истодаанд, дар мактабу кӯдакистонҳои шаҳр наздики 89 фисади корҳои таъмири синфхонаҳо ба анҷом расидааст. Ҳамчунин соли равон дар арафаи соли хониши нав дар маҳаллаи 8-и маркази вилоят боз як мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1296 хонанда ба истифода дода хоҳад шуд.
Доир ба рушди соҳаи иқтисодиёт ва таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ, аз ҷумла, шахсони бешуғл ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, шаҳрдори Хуҷанд афзуд, ки давоми шашмоҳаи аввали соли равон дар шаҳр 7 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, 124 нафар ба шуғли доимӣ ҷалб гардидаданд. Инчунин ба 24 нафар шаҳрвандони бекор барои фаъолияти соҳибкорӣ аз 1,5 то 4 ҳазор сомонӣ маблағ дода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ баҳри таъмини рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи 4,5 млн. доллари амрикоӣ, ё дар ҳаҷми 40,3 млн. сомонӣ сармояҳои дохиливу хориҷӣ ворид карда шуда, аз ҷониби 154 коргоҳи саноати шаҳр ба маблағи 449,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки аз он 124,1 млн. сомонӣ маҳсулот ба хориҷа содирот карда шудааст.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






