Дар Хуҷанд ярмаркаи лавозимоти мактабӣ ба кор сар кард
ХУҶАНД, 29.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини хонандагон бо ашёи хониши таълимӣ ва ҳамзамон либоси ягонаи мактабии истеҳсоли коргоҳҳои ватанӣ дар шаҳри Хуҷанд ярмарка — фурӯши лавозимоти мактабӣ оғоз гардид.
Тавре хабарнигори мнтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ифтитоҳи ярмарка муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар, муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, волидайн ва хонандагони мактабҳои маркази вилояти Суғд иштирок намуданд.
Дар ярмарка масъулин баён доштанд, ки чунин ярмаркаҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронида шаванд, зеро чунин тадбир имкон медиҳад хонандагон аз маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ истифода баранд.
Дар ярмарка — фурӯши лавозимоти мактабӣ ба 200 нафар кӯдакони камбизоат ва ятим либосҳои ягонаи мактабӣ тақдим карда шуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






