Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон шоми мусиқии классикӣ бо иштироки гурӯҳи «Duo Shiraz» доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов шоми мусиқии классикӣ бо иштироки гурӯҳи «Duo Shiraz» аз шаҳри Генти Шоҳигарии Белгия доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон иттилоъ доданд, дар барномаи консертӣ навозандаи пианино Лизлотт Селс ва навозандаи скрипка Анн Ванколлие иштирок намуда, барномаро бо иҷрои оҳанги Сулаймон Юдаков – Суруди миллии Тоҷикистон оғоз намуданд. Аҳли толор зери мусиқии Суруди миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби устодони санъати ҷаҳонӣ бо маҳорати баланд иҷро мегардид, бо меҳр ва ифтихори ватандорӣ даст пеши бар истоданд.
Гурӯҳи «Duo Shiraz» барномаи ҷолиби консертиро, ки аз оҳангҳои бастакорони шинохтаи ҷаҳонӣ иборат буд, манзури меҳмонон намуданд ва шоми мусиқии классикӣ дар сатҳи баланди касбӣ хотима ёфт.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи «Duo Shiraz» барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бо навозандагони тоҷик гузаронидани чорабиниҳои муштарак, дарсҳои сайқали маҳорат ва вохӯриҳоро ба нақша гирифтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






