Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон шоми мусиқии классикӣ бо иштироки гурӯҳи «Duo Shiraz» доир гардид

Июль 11, 2017 15:54

ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов шоми мусиқии классикӣ бо иштироки гурӯҳи «Duo Shiraz» аз шаҳри Генти Шоҳигарии Белгия доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон иттилоъ доданд,  дар барномаи консертӣ навозандаи пианино Лизлотт Селс ва навозандаи скрипка Анн Ванколлие иштирок намуда, барномаро бо иҷрои оҳанги Сулаймон Юдаков – Суруди миллии Тоҷикистон оғоз намуданд. Аҳли толор зери мусиқии Суруди миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби устодони санъати ҷаҳонӣ бо маҳорати баланд иҷро мегардид, бо меҳр ва ифтихори ватандорӣ даст пеши бар истоданд.

Гурӯҳи «Duo Shiraz» барномаи ҷолиби консертиро, ки аз оҳангҳои бастакорони шинохтаи ҷаҳонӣ иборат буд, манзури меҳмонон намуданд ва шоми мусиқии классикӣ дар сатҳи баланди касбӣ хотима ёфт.

Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи «Duo Shiraz» барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бо навозандагони тоҷик гузаронидани чорабиниҳои муштарак, дарсҳои сайқали маҳорат ва вохӯриҳоро ба нақша гирифтааст.

Июль 11, 2017 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид