Дар муддати шаш моҳи соли равон дар Хатлон 951,4 гектар ҷангалзор бунёд шудааст
ҚӮРҒОНТЕППА, 22. 07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ба бунёд ва барқароркунии ҷангалзор диққати ҷиддӣ дода мешавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар шаш моҳи авали соли 2017 дар вилоят 951,4 гектар ҷангал бунёд карда шудааст.
Аз ин миқдор майдон дар 270 га писта, 53,3 га чормағз, 27,8 га бодом, 111 га дарахтони сояафкан ва 244,3 га нихолҳои мевадиҳанда шинонида шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз ҷониби кормандони хоҷагии ҷангали вилоят 535 ҳазору 942 бех ниҳол шинонида шудааст. Аз майдони умумии ҷангалҳои бунёдшуда 35 гектараш боғҳои нав мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






