Дар муддати шаш моҳи соли равон дар Хатлон 951,4 гектар ҷангалзор бунёд шудааст

Июль 22, 2017 09:40

ҚӮРҒОНТЕППА, 22. 07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар   вилояти Хатлон  ба   бунёд ва  барқароркунии  ҷангалзор диққати ҷиддӣ  дода  мешавад.  Тавре   ба  АМИТ  «Ховар»  аз  Муассисаи  давлатии  хоҷагии  ҷангали вилояти Хатлон  иттилоъ  доданд, дар  шаш  моҳи авали  соли 2017 дар вилоят 951,4  гектар  ҷангал  бунёд  карда  шудааст.

Аз  ин миқдор майдон  дар  270 га  писта, 53,3 га  чормағз, 27,8  га  бодом,  111  га  дарахтони сояафкан ва 244,3  га  нихолҳои мевадиҳанда шинонида  шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз  ҷониби  кормандони  хоҷагии  ҷангали вилоят 535  ҳазору 942  бех ниҳол шинонида  шудааст.  Аз  майдони  умумии  ҷангалҳои  бунёдшуда   35 гектараш  боғҳои нав  мебошанд.

 

 

Июль 22, 2017 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад