Дар нақлиёти мусофирбари хатсайри марказии шаҳри Душанбе низоми пардохти электронӣ ҷорӣ гардид

Июль 22, 2017 11:07

ДУШАНБЕ, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими рӯнамои лоиҳаи намунавии «Корти шаҳрӣ»-и пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, лоиҳаи низоми автоматии пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳрро мутахассисони ширкати «IBA-Group» -и Ҷумҳурии Беларус  тарҳрезӣ намуда, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, гузариш ба  пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар се марҳила татбиқ мегардад.  Марҳилаи аввали  он моҳҳои аввали фаъолияти онро фаро гирифта,   марҳилаи дуюм то Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва  марҳилаи сеюм моҳи декабри соли ҷорӣ дар нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ  амалӣ карда мешавад.

Низоми пардохти электронӣ дар  марҳилаи аввал дар 29 автобус  ва 28 троллейбуси хатсайри марказии шаҳри Душанбе, яъне хиёбони Рӯдакӣ  ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст.

Раиси шаҳр зимни шиносоӣ бо тарҳи нави пардохти роҳкиро таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани шаклу усулҳои манфиатбахши хизматрасонӣ ва риояи бечунучарои қоидаҳои мусофирбарӣ бо дарназардоршти амнияти мусофирон ва хатсайру истгоҳҳои муайяншуда ҷалб кард.

Мусофирон кортҳои электронии пардохтро метавонанд аз ронанда, назоратчӣ, ҳамчунин аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд  ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ  дастрас намоянд.

Дар нақлиёти шаҳрӣ барои қабули пардохтҳои электронӣ таҷҳизоти махсус, ки валидатор ном дорад, насб шудаанд. Ронанда ҳангоми оғози кор корти худро ба валидатор гузошта,  онро барои қабули роҳкиро ва назорати ҷараёни он омода месозад.

Мусофир қабл аз ворид шудан ба автобус ё троллейбус  корти роҳкироро дастрас намуда,  ҳангоми ворид шудан ба восита нақлиёт онро  болои таҷҳизоти қабул —  валидатор мегузорад ва дар сурати мавҷуд будани маблағ  дар табло  калимаи «раҳмат» ва агар дар корт маблағи лозимаи пардохт мавҷуд набошад, истилоҳи «қабул нашуд» пайдо мешавад. Дар марҳилаи аввал дар ҳар як воситаи нақлиёти мусофирбар назоратчиҳо фаъолият мекунанд, ки ҷараёни истифода ва пардохти электронии роҳкироро назорат хоҳанд кард. Мусофирон метавонанд корти роҳкироро аз назоратчӣ ё ронанда дастрас намоянд. Дар сурати надоштани корт мусофир метавонад  маблағи роҳкирро ба назоратчӣ пардохт намуда, аз ӯ расид (чек)гирад.

Дар автобусу троллейбусҳо мониторҳои  иттилоотӣ бо нишон додани масири  хатсайр ва истгоҳҳо амал мекунанд. Барои нафақахӯрон ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуд кортҳои имтиёзнок ҷорӣ шудаанд.  Гузаштан ба шакли электронии пардохт, пеш аз ҳама, барои мусофирон   аз лиҳози сарфакорӣ диққатҷалбкунанда ва барои пардохт қулай буда, ба баланд бардоштани сатҳ  ва фарҳанги хизматрасонии мусофирон, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои иловагӣ ва ҳамгироӣ бо дигар намуди воситаҳои нақлиёт, васеъ кардани сатҳи пардохт  тавассути маблағҳои ғайринақдӣ, афзоиши шумораи воситаҳои  нақлиёт дар асоси омӯзиши эҳтиёҷоти мусофирон, кам кардани шумораи мусофирони бероҳкиро дар воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунад.

314_3379_01_00_01_53_19_Still006 2V9A0544(1) 2V9A0622(1)

Июль 22, 2017 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд