Дар нақлиёти мусофирбари хатсайри марказии шаҳри Душанбе низоми пардохти электронӣ ҷорӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими рӯнамои лоиҳаи намунавии «Корти шаҳрӣ»-и пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, лоиҳаи низоми автоматии пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳрро мутахассисони ширкати «IBA-Group» -и Ҷумҳурии Беларус тарҳрезӣ намуда, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, гузариш ба пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар се марҳила татбиқ мегардад. Марҳилаи аввали он моҳҳои аввали фаъолияти онро фаро гирифта, марҳилаи дуюм то Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва марҳилаи сеюм моҳи декабри соли ҷорӣ дар нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ амалӣ карда мешавад.
Низоми пардохти электронӣ дар марҳилаи аввал дар 29 автобус ва 28 троллейбуси хатсайри марказии шаҳри Душанбе, яъне хиёбони Рӯдакӣ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст.
Раиси шаҳр зимни шиносоӣ бо тарҳи нави пардохти роҳкиро таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани шаклу усулҳои манфиатбахши хизматрасонӣ ва риояи бечунучарои қоидаҳои мусофирбарӣ бо дарназардоршти амнияти мусофирон ва хатсайру истгоҳҳои муайяншуда ҷалб кард.
Мусофирон кортҳои электронии пардохтро метавонанд аз ронанда, назоратчӣ, ҳамчунин аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ дастрас намоянд.
Дар нақлиёти шаҳрӣ барои қабули пардохтҳои электронӣ таҷҳизоти махсус, ки валидатор ном дорад, насб шудаанд. Ронанда ҳангоми оғози кор корти худро ба валидатор гузошта, онро барои қабули роҳкиро ва назорати ҷараёни он омода месозад.
Мусофир қабл аз ворид шудан ба автобус ё троллейбус корти роҳкироро дастрас намуда, ҳангоми ворид шудан ба восита нақлиёт онро болои таҷҳизоти қабул — валидатор мегузорад ва дар сурати мавҷуд будани маблағ дар табло калимаи «раҳмат» ва агар дар корт маблағи лозимаи пардохт мавҷуд набошад, истилоҳи «қабул нашуд» пайдо мешавад. Дар марҳилаи аввал дар ҳар як воситаи нақлиёти мусофирбар назоратчиҳо фаъолият мекунанд, ки ҷараёни истифода ва пардохти электронии роҳкироро назорат хоҳанд кард. Мусофирон метавонанд корти роҳкироро аз назоратчӣ ё ронанда дастрас намоянд. Дар сурати надоштани корт мусофир метавонад маблағи роҳкирро ба назоратчӣ пардохт намуда, аз ӯ расид (чек)гирад.
Дар автобусу троллейбусҳо мониторҳои иттилоотӣ бо нишон додани масири хатсайр ва истгоҳҳо амал мекунанд. Барои нафақахӯрон ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуд кортҳои имтиёзнок ҷорӣ шудаанд. Гузаштан ба шакли электронии пардохт, пеш аз ҳама, барои мусофирон аз лиҳози сарфакорӣ диққатҷалбкунанда ва барои пардохт қулай буда, ба баланд бардоштани сатҳ ва фарҳанги хизматрасонии мусофирон, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои иловагӣ ва ҳамгироӣ бо дигар намуди воситаҳои нақлиёт, васеъ кардани сатҳи пардохт тавассути маблағҳои ғайринақдӣ, афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт дар асоси омӯзиши эҳтиёҷоти мусофирон, кам кардани шумораи мусофирони бероҳкиро дар воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунад.











31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд






