Дар ноҳияи Рашт бар зидди шомилшавии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мубориза мебаранд

Июль 5, 2017 10:06

ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт тасмим гирифтааст, ки бо сокинони фаъоли ҷамоатҳои ноҳия оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, фаҳмонидани оқибатҳои он ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон силсиламулоқотҳои судманд баргузор намояд.

Чанде пеш чунин мулоқот дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ баргузор гардид, ки дар он доир ба пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир, изҳори андеша карда шуд.

Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҳаводиси солҳои охири ҷаҳон ва гумроҳии баъзе ҷавонони тоҷик изҳори нигаронӣ карда, гуфт: «Яке аз масъалаҳои доғи рӯз иштироки бархе нафарони гумроҳ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо мебошад, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар марҳалаи кунунӣ сокинон, хусусан ҷавонони тоҷик бояд бомулоҳиза ва эҳтиёткор бошанд. Зеро гурӯҳҳои алоҳида ҷавонони ноогоҳро барои мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд».

Дар мулоқот инчунин Раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода, сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Рустам Шафизода, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД  Шодӣ Ҳафиззода, масъулини шуъбаҳои ВКД ва КДАМ дар ноҳия ба сокинон оид ба нақшаҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ маълумот дода, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки барои ободонии диёри худ саҳмгузор бошанд.

Гуфта шуд, ки чунин мулоқотҳо дар дигар минтақаҳои ноҳия низ баргузор мегарданд.

 

 

Июль 5, 2017 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе