Дар ноҳияи Рашт бар зидди шомилшавии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мубориза мебаранд
ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт тасмим гирифтааст, ки бо сокинони фаъоли ҷамоатҳои ноҳия оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, фаҳмонидани оқибатҳои он ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон силсиламулоқотҳои судманд баргузор намояд.
Чанде пеш чунин мулоқот дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ баргузор гардид, ки дар он доир ба пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир, изҳори андеша карда шуд.
Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҳаводиси солҳои охири ҷаҳон ва гумроҳии баъзе ҷавонони тоҷик изҳори нигаронӣ карда, гуфт: «Яке аз масъалаҳои доғи рӯз иштироки бархе нафарони гумроҳ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо мебошад, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар марҳалаи кунунӣ сокинон, хусусан ҷавонони тоҷик бояд бомулоҳиза ва эҳтиёткор бошанд. Зеро гурӯҳҳои алоҳида ҷавонони ноогоҳро барои мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд».
Дар мулоқот инчунин Раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода, сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Рустам Шафизода, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Шодӣ Ҳафиззода, масъулини шуъбаҳои ВКД ва КДАМ дар ноҳия ба сокинон оид ба нақшаҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ маълумот дода, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки барои ободонии диёри худ саҳмгузор бошанд.
Гуфта шуд, ки чунин мулоқотҳо дар дигар минтақаҳои ноҳия низ баргузор мегарданд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






