Дар ноҳияи Рашт оид ба бартарафсозии тамоюли бегонапарастӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон ҷамъомад доир гардид

Июль 14, 2017 16:46

РАШТ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар  маркази ноҳияи Рашт  бо иштироки зиёда аз 700 нафар бонувони ноҳия оид ба бартарафсозии тамоюли бегонапарастӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ғайриқонунӣ ва  арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ  ҷамъомад баргузор шуд.

Дар ҷамъомад фаъолзанону собиқадорон зикр намуданд, ки терроризм ҷомеаи моро ба ташвиш оварда, тамоюли бегонапарастӣ  ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, торафт бештар ба чашм мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯркӯрона буда, ифодагари бехабарӣ аз асли масъала мебошанд. Занони мо либосҳои ба фарҳанги миллати мо бегонаро истифода карда,  ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим  либосҳои зебои занона доштанд ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуданд.  Занону духтарони тоҷик имрӯзҳо бояд аз фарҳанги миллии хеш пайравӣ намуда  ва насли ояндаро  дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намоянд.  Инчунин  шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Июль 14, 2017 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад