Дар ноҳияи Рашт оид ба бартарафсозии тамоюли бегонапарастӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон ҷамъомад доир гардид
РАШТ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Рашт бо иштироки зиёда аз 700 нафар бонувони ноҳия оид ба бартарафсозии тамоюли бегонапарастӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ғайриқонунӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҷамъомад баргузор шуд.
Дар ҷамъомад фаъолзанону собиқадорон зикр намуданд, ки терроризм ҷомеаи моро ба ташвиш оварда, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, торафт бештар ба чашм мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯркӯрона буда, ифодагари бехабарӣ аз асли масъала мебошанд. Занони мо либосҳои ба фарҳанги миллати мо бегонаро истифода карда, ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона доштанд ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуданд. Занону духтарони тоҷик имрӯзҳо бояд аз фарҳанги миллии хеш пайравӣ намуда ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намоянд. Инчунин шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






