Дар Суғд 24 адад никоҳи хешу таборӣ бекор карда шуд

Июль 27, 2017 08:25

ХУҶАНД, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 27 ҳазору 237 адад таваллуд  ва 5865 адад фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра шумораи таваллуд 1919 адад кам ва фавт 91 адад зиёд гардидааст.  Ҳамчунин шумораи бақайдгирии никоҳ дар соли 2017 ба 7505 адад баробар буда, он нисбат ба соли 2016 – 1400 адад кам мебошад. Бекор кардани никоҳ баръакс дар соли 2017 – 2109 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2016  272 адад зиёд мебошад. Дар ин бора сардори Раёсати САҲШ-и вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимзода зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот дод.

Зикр шуд, ки дар ин давра 24 адад ақди никоҳи хешу табории бакайдгирифташуда расман аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда шуд.

Июль 27, 2017 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад