Дар Суғд 24 адад никоҳи хешу таборӣ бекор карда шуд
ХУҶАНД, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 27 ҳазору 237 адад таваллуд ва 5865 адад фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра шумораи таваллуд 1919 адад кам ва фавт 91 адад зиёд гардидааст. Ҳамчунин шумораи бақайдгирии никоҳ дар соли 2017 ба 7505 адад баробар буда, он нисбат ба соли 2016 – 1400 адад кам мебошад. Бекор кардани никоҳ баръакс дар соли 2017 – 2109 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2016 272 адад зиёд мебошад. Дар ин бора сардори Раёсати САҲШ-и вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимзода зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот дод.
Зикр шуд, ки дар ин давра 24 адад ақди никоҳи хешу табории бакайдгирифташуда расман аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






