Дар Тоҷикистон 370 шаҳрванди Афғонистон таҳсил менамоянд
ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таҳсили хонандагони афғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилии донишҷўён ва интиқоли донишҷўён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Залмай Юнусӣ табодули андеша намуд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти маориф ва илм дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, илм ва техника (аз соли 2005), Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи маориф (аз соли 2006), Протоколи тавофуқи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (аз соли 2013) ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳар сол дар асоси созишномаҳои мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 50 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷудо карда мешавад. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 370 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсил менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






