Дилшод Назаров Беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё дониста шуд!
ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гурзандози маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров Беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз намуди варзиши сабук дониста шуд. Бино ба иттилои Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Ҷоиза ба варзишгари тоҷик 4 июл дар шаҳри Одишаи Ҳиндустон тақдим гардид.
Дар Сипосномаи ноиби президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Даҳлан Ал Ҳамад, ки ба Дилшод Назаров фиристода шудааст, гуфта мешавад: «Барои ман ифтихори бузург аст, ки аз номи Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё ва ҳамаи аъзои осиёии он Шуморо ба муносибати Беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз рӯи намуди варзиши сабук шуданатон муборакбод мегӯям».
Ноиби президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё зикр намудааст, ки ин Ҷоиза шаҳодати меҳнати зиёд ва фидокории Дилшод Назаров аст ва изҳори умедворӣ кардааст, ки агар Дилшод Назаров ин равишро идома диҳад, ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил гардида, барои кишвар ва қитъаи Осиё ифтихори бештар хоҳад овард.









Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






