Дилшод Назаров маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд!

Июль 10, 2017 12:25

ДУШАНБЕ, 10.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар чемпионати XXII Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор гардид, варзишгари маъруфи тоҷик, Чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ маротибаи чаҳорум чемпиони  Осиё шуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа Дилшод Назаров гурзро ба дурии 76 метру 69 сантиметр ҳаво дода, соҳиби медали тилло гардидааст. Мақоми дуюмро бо натиҷаи 73 метру 81 сантиметр Шизу Ванг аз Хитой ишғол кард. Медали биринҷиро бо натиҷаи 73 метру 77 сантиметр Ювунчул Ли аз Кореяи Ҷанубӣ соҳиб шуд.

Иттилоъ дода мешавад, ки ин ягона медали тими Тоҷикистон дар ин чемпионат аст. 6 варзишгари дигари Тоҷикистон – Даврон Атабоев дар сабқати дав (масофаи 100 ва 400 метр), Кристина Пронженко (400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшо Исматов (800 метр), Алишер Пулотов, Азизҷон Абдуллоев (400 метр бо монеа) ва Григорий Дерепаскин (200 ва 400 метр) аз медалҳо маҳрум монданд. Танҳо Кристина Пронженко натиҷаи беҳтар нишон дод. Ӯ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни занон бо натиҷаи 54,62 сония дар даври финалӣ мақоми шашумро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари минтақаи Осиё эълон кард. Ӯ солҳои 2009, 2013, 2015 низ Қаҳрамони Осиё гардидааст. Акнун Дилшод Назаров ба чемпионати ҷаҳон, ки 4-13 август дар Лондон (Британияи Кабир) баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо як медали тилло дар чемпионати Осиё-2017 миёни 45 кишвар ҷойи 13-умро ишғол кард. Ҳиндустон бо 29 медал (12 тилло, 5 нуқра, 12 биринҷӣ) сазовори ҷойи аввал гардид. Варзишгарони Чин бо 20 медал (8, 7, 5) ҷойи дуюм ва Қазоқистон бо 8 медал (4, 2, 2) ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Дилшод Назаров чемпиони ОсиёДилшод Назаров чемпиони Осиё-2

Июль 10, 2017 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард