Файзиддин Қаҳҳорзода: «ҶСК «Хоҷа оби гарм» тавассути лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ бояд хусусӣ гардонида шавад»
ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар доираи барномаҳои хусусигардонӣ фурӯши як қатор корхонаҳои азими ҷумҳурӣ: Ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Сементи тоҷик», «Гулистон» ва истироҳатгоҳи «Хоҷа оби гарм» ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, ҳоло корҳо атрофи ҶСК «Сементи тоҷик» идома доранд. Муҳлати амалии барнома то анҷоми соли равон тамдид шуда, барномаи нав омода карда шудааст, ки фарогири корхонаи мазкур мебошад.
«Дар мавриди «Гулистон» метавон ҳаминро гуфт, ки ҳоло ин корхона фаъолият дорад. Дар як қисмати бино бо назардошти ниёзмандии мақомоти давлатӣ як қатор идораҳои давлатӣ ҷойгир карда шуда, истифодаи самараноки корхона таъмин шудааст.
Байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Фононбонк» ва «Амонатбонк» корҳо идома дошта, дар назар аст то охири соли равон вобаста ба истифодаи минбаъдаи ҶСК «Гулистон» мо ба мувофиқа расем,- иброз дошт Файзиддин Қаҳҳорзода.
Ҳамчунин номбурда дар мавриди ҶСК «Хоҷа оби гарм» чунин зикр намуд: «ҶСК «Хоҷа оби гарм» тавассути лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ бояд хусусӣ гардонида шавад ва ин масъала дар мувофиқа бо Ҳукумат сурат мегирад».








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






