Файзиддин Қаҳҳорзода: «ҶСК «Хоҷа оби гарм» тавассути лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ бояд хусусӣ гардонида шавад»

Июль 31, 2017 15:08

ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар доираи барномаҳои хусусигардонӣ фурӯши як қатор корхонаҳои азими ҷумҳурӣ: Ҷамъиятҳои  саҳомии кушодаи «Сементи тоҷик»,   «Гулистон» ва  истироҳатгоҳи «Хоҷа оби гарм» ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, ҳоло корҳо атрофи ҶСК «Сементи тоҷик» идома доранд. Муҳлати  амалии барнома то анҷоми соли равон тамдид шуда, барномаи нав омода карда шудааст, ки фарогири корхонаи мазкур мебошад.

«Дар мавриди  «Гулистон» метавон ҳаминро гуфт, ки ҳоло ин корхона фаъолият дорад. Дар як қисмати бино бо назардошти ниёзмандии    мақомоти давлатӣ як қатор идораҳои давлатӣ ҷойгир карда шуда,  истифодаи самараноки корхона  таъмин шудааст.

Байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Фононбонк» ва «Амонатбонк» корҳо идома дошта, дар назар аст  то охири соли равон вобаста ба истифодаи минбаъдаи ҶСК «Гулистон»  мо ба мувофиқа расем,- иброз дошт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Ҳамчунин номбурда дар мавриди ҶСК «Хоҷа оби гарм» чунин зикр намуд:  «ҶСК «Хоҷа оби гарм»   тавассути лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ бояд хусусӣ гардонида шавад ва ин масъала дар мувофиқа бо Ҳукумат сурат мегирад».

Июль 31, 2017 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд