Хадамоти гумрук: дар Тоҷикистон воридот коҳиш, содирот афзоиш ёфтааст

Июль 18, 2017 14:48

ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз коҳиш  ёфтани воридот ва афзоиши содирот хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи беш аз 1 миллиарду 246 миллион доллар молу маҳсулот ворид гардидааст. Маблағи умумии молҳои аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содирот гардида 436, 3 миллион долларро  ташкил медиҳад.

Тибқи оморҳои гумрукӣ,  воридот дар ин давра  ба маблағи 253,9 миллион доллар  ё ба андозаи 16,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Содирот бошад  ба маблағи 17,7 миллион доллар  ё 4,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Сардори Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб 18 июл дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки дар ин давра коҳиш ёфтани ҳаҷми воридот ба як қатор омилҳо, аз ҷумла бӯҳрони молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ, вазъи сиёсии баъзе аз кишварҳои ҷаҳон, инчунин ба роҳ мондани истеҳсол ва афзоиши молу маҳсулоти ватанӣ, назири  семент, қолин, гандум, ва маҳсулоти пластикӣ рабт дорад.

Абуфаттоҳи Ғоиб бо натиҷагирӣ аз фаъолияти  мақомоти гумруки кишвар дар зарфи шаш моҳи соли равон зикр кард, ки гардиши  тиҷорати  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нимсолаи аввали соли равон  беш аз  1 миллиарду  682 миллион долларро  ташкил дод, ки   нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  236 ,2 миллион доллар  ё 12, 3 фоиз кам мебошад.

 

Июль 18, 2017 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик