«I LOVE DUSHANBE» — «МАН ДУШАНБЕРО ДӮСТ МЕДОРАМ». Пойтахти Тоҷикистон соҳиби боз як макони нави меҳмоннавозӣ гардид!
ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар пойтахти мамлакат обидаи нави меъморӣ бо номи «I love Dushanbe» («Ман Душанберо дӯст медорам») ифтитоҳ гардид. Лоиҳаи нави меъморӣ дар дохили маҷмааи «Диёри Душанбе», воқеъ дар наздикии Кӯли ҷавонон устувор карда шудааст.
Обидаи «I love Dushanbe» аз ҷониби ширкати «Қатар- Диёр- Тоҷикистон» ҳамчун як навъ рамзи изҳори муҳаббат ба пойтахти кишварамон гузошта шуд. Корҳо дар самти эҷоди он чанд моҳ пеш оғоз гашта, дар мавриди маҳз дар ин макон гузоштани ин маҷмаа қаблан иттилоъ пахш нашуда буд. Тавре намояндаи «Қатар- Диёр-Тоҷикистон» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт: «Мо хостем бо ин роҳ ба сокинони пойтахт туҳфае тақдим намоем. Ин гуна маҷмаа дар ҳоли ҳозир дар бештари шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон мавҷуданд ва онҳо на танҳо диққати сайёҳон, балки сокинони худи шаҳрҳоро низ ба худ ҷалб мекунанд. Мо хостем бо гузоштани ин гуна обидаи барои шаҳрамон ғайриоддӣ дар ободу зебо гардонидани пойтахтамон дар Соли ҷавонон саҳмгузор бошем».
«Ба андешаи мо ин обида метавонад яке аз намунаҳои хуби меҳмоннавозие гардад, ки на танҳо диққати сокинони кишвар, балки сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб кунад. Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд, ки мо бояд бахши сайёҳиро рушд диҳем. Мо бар он фикрем, ки ин обида дар мисоли дигар нуқтаҳои зебои шаҳрамон яке аз нуқтаҳои боздиди сайёҳон мегардад», -зикр намуд намояндаи ширкат.
Дар наздикии обидаи баландиаш 2,5 метраи «Ман Душанберо дӯст медорам» фаввора насб гардидааст, ки тӯли рӯз фаъол аст. Дар давоми ду рӯз зиёда аз садҳо нафар тамошобинон ба ин маҷмаа омада, лаҳзаҳои зебои худро дар «Диёри Душанбе» акс гирифтаанд. Дар шабакаҳои иҷимоӣ шумораи зиёде аз корбарон барои таъсиси ин гуна лоиҳаи хуби меҳмоннавозӣ дар пойтахти кишвар изҳори сипос намудаанд.
Ширкати «Қатар-Диёр-Тоҷикистон» озмуни беҳтарин аксеро, ки дар назди ин маҷмаа гирифта шудааст, эълон кардааст. Ин озмун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён гирифта, дар он иштирокчие ғолиб дониста мешавад, ки аксҳои ӯ аз ҳама шумораи бештари «писандидашуда»-ро гирад.
Озмун то 5 август идома меёбад.














Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






