Ҷилавгирӣ аз қочоқи трактори «Беларус 82.1» ва дигар молҳои истифодашуда

Июль 11, 2017 09:51

ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе гумрукчиёни тоҷик зимни гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ нақлиёти тамғаи «VOLVO F – 12 – 380 — 4х2» рақами қайди давлатиаш E 956 КН 159 бо ядакаш AН 518 159, бо 32 номгӯи молҳои истифодашуда ва як адад трактори «Беларус 82.1» боздошт намуданд.

Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин молҳо ба шаҳрванди 45-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини вилояти Хатлон  Х. Н., мансуб буда, номбурда молҳоро аз шаҳри Перми Россия тавассути Қирғизистон бо роҳи  қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст. Арзиши молҳои тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд Х.Н., беш аз 280 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба ин шаҳрванд  бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ  оғоз карда шудааст.

 

 

 

Июль 11, 2017 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад