Ҷилавгирӣ аз қочоқи трактори «Беларус 82.1» ва дигар молҳои истифодашуда
ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе гумрукчиёни тоҷик зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ нақлиёти тамғаи «VOLVO F – 12 – 380 — 4х2» рақами қайди давлатиаш E 956 КН 159 бо ядакаш AН 518 159, бо 32 номгӯи молҳои истифодашуда ва як адад трактори «Беларус 82.1» боздошт намуданд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин молҳо ба шаҳрванди 45-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини вилояти Хатлон Х. Н., мансуб буда, номбурда молҳоро аз шаҳри Перми Россия тавассути Қирғизистон бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст. Арзиши молҳои тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд Х.Н., беш аз 280 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба ин шаҳрванд бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






