Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва боронӣ дар назар дошта шудааст

Июль 13, 2017 09:24

ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Ҳарорат дар ғарби вилоят 27-32 дараҷа ва дар шарқи он  17-20 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 35-40 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо ба 34-39 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, 35 — 37 дараҷа гарм мешавад.

Июль 13, 2017 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст