Интиқоли ғайриқонунии мол ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ дар Исфара
ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи наздисарҳадии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд муайян карданд, ки шаҳрванд А. И. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон даст ба ҷиноят задаанд, ки моҳияти он аз қочоқ, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шаҳрванд А.И. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ «Ориён Таъминот» баромад намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон 22 июни соли равон ба воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Долун», рақами қайди давлатиаш 06 KG 975 AAJ / 073 OC аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 55 номгӯй молу маҳсулоти сохтмонӣ, бастаҳои полиэтиленӣ, ҷузвдонҳои занона, чойи хушк, қандилҳои гуногун ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст.
Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ ворид намудаи шаҳрванд А. И. ва дигарон маблағи умумии 1 миллиону 411 ҳазору 70 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои бадқасдонаи онҳо ба буҷаи давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба намояндаи ҶДММ «Ориён Таъминот» А. И. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар Прокуратураи вилояти Суғд мавриди тафтиш қарор дорад.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






