Иштироки беш аз даҳ кишвари ҷаҳон дар намоишгоҳи «Тоҷикистон-2017»

Июль 20, 2017 10:35

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз даҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Россия, Чин, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Беларус, Полша ва Амороти Муттаҳидаи Араб молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳ- ярмаркаи байналмилалии  универсилалии «Тоҷикистон -2017» /TAJIKISTAN-2017/, ки  аз  27 то 29 июли соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир мегардад, ба намоиш мегузоранд. Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошад.

Рушди ҳамкории  иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар заминаи ташкили корхонаҳои муштарак,  воридоти техникаю таҷҳизоти муосир ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, инчунин табодули таҷриба аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» аст.

Интизор меравад, ки корхонаю ширкатҳои тавлидотии беш аз даҳ кишвари ҷаҳон молҳои саноатии худро дар намоишгоҳ, ки  аз бахшҳои саноати энергетика, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ,  нақлиёт, логистика,  маҳсулоти нафтӣ, саноати кӯҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ,  бастабандӣ, хӯрока,  дорусозӣ, сайру саёҳат ва ҳунармандӣ иборат аст, ба намоиш гузоранд.

Июль 20, 2017 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд