Иттиҳоди Аврупо барои беҳбудии соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон 100 млн. евро ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки барои беҳбудии соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 млн. евро ҷудо намояд. Ин матлабро Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервис баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар Қасри миллат баргузор гардид, иброз намуд.
Ба андешаи Стефано Мансервис, Иттиҳоди Аврупо имкониятҳои зиёд дорад, ки сармоягузориҳои ширкатҳои Иттиҳодро ба Осиёи Марказӣ, хусусан ба соҳаҳои истеҳсоли барқ, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва таъмин намудани коммуникатсияи Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа ҷалб намояд.
«Дар ин ҷода мо омода ҳастем, ки фаъолияти худро дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 таҳти сарпарастӣ ва назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ созем, то мақсадҳои асосӣ, ки беҳтар намудани шароит барои фаъолияти соҳибкорон мебошад, ба даст биёянд»,- иброз намуд Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд.
Ба зикри номбурда, масъалаи дигаре, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтааст, осебпазирии Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ мебошад. Тавре маълум аст, солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим зарар мебинад. Вобаста ба ин мавзӯъ Стефано Мансервис гуфт, ки бояд ҳамкориҳо тақвият дода шаванд, то муайян гардад, ки чӣ гуна метавон дар оянда дар Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳар гуна офатҳои табиӣ ҷилавгирӣ намуд.
Мубориза бо терроризм ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, хусусан ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсири низоъҳое, ки имрӯз дар қаламрави Афғонистони ҳамсоя рух медиҳанд, аз мақсадҳои дигари Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ гардид. Стефано Мансервис омодагии Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаи беҳтар намудани пешгирӣ аз оқибатҳои зиёновари офатҳои табиӣ ва таъмини амният дар кишвар зикр намуда, иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин бахшҳо дар ояндаи наздик аз корҳои аввалиндараҷаи Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд.
Ба нақли Стефано Мансервис, дар доираи сафараш ӯ аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Шӯрообод боздид ба амал овардааст. Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ки оид ба сохтмони пулҳо ва бозорҳои нав дар минтақаҳои сарҳади байни ин ду кишвар лоиҳаҳоро амалӣ созад. Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд мақсади амалӣ сохтани чунин лоиҳаҳоро барқарор намудани сулҳ, амният ва мубодилаи таҷрибаи мардумони ин кишварҳо арзёбӣ намуд.
Стефано Мансервис ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи сафараш бо намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва Бонки миллии Тоҷикистон вохӯриҳо доир намудааст, ки дар онҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки дар оянда ҳамчун як шарики муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушд боқӣ монда, амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намояд.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо аз авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба шумор меравад.
Мавҷуда АНВАРӢ








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






