Иттиҳоди Аврупо барои беҳбудии соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон 100 млн. евро ҷудо менамояд

Июль 12, 2017 19:09

ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки барои беҳбудии соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 млн. евро ҷудо намояд. Ин матлабро Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервис баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  имрӯз  дар Қасри миллат баргузор гардид, иброз намуд.

Ба андешаи Стефано Мансервис, Иттиҳоди Аврупо имкониятҳои зиёд дорад, ки сармоягузориҳои ширкатҳои Иттиҳодро ба Осиёи Марказӣ, хусусан ба соҳаҳои  истеҳсоли барқ, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва таъмин намудани коммуникатсияи Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа  ҷалб намояд.

«Дар ин ҷода мо омода ҳастем, ки  фаъолияти худро дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030   таҳти сарпарастӣ ва назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   амалӣ созем, то  мақсадҳои асосӣ, ки беҳтар намудани шароит барои фаъолияти соҳибкорон мебошад, ба даст биёянд»,- иброз намуд Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд.

Ба зикри номбурда, масъалаи дигаре, ки бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтааст, осебпазирии Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ мебошад. Тавре маълум аст, солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим зарар мебинад. Вобаста ба ин мавзӯъ Стефано Мансервис гуфт, ки бояд ҳамкориҳо тақвият дода шаванд, то муайян гардад, ки чӣ гуна метавон дар оянда дар Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳар гуна офатҳои табиӣ  ҷилавгирӣ намуд.

Мубориза бо   терроризм ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, хусусан ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсири низоъҳое, ки имрӯз дар қаламрави Афғонистони ҳамсоя  рух медиҳанд, аз мақсадҳои дигари Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ гардид. Стефано Мансервис омодагии Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаи беҳтар намудани  пешгирӣ аз  оқибатҳои зиёновари офатҳои табиӣ ва таъмини амният дар кишвар  зикр намуда, иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин бахшҳо дар ояндаи наздик   аз корҳои  аввалиндараҷаи Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд.

Ба нақли Стефано Мансервис, дар доираи сафараш ӯ аз сарҳади Тоҷикистону  Афғонистон дар минтақаи Шӯрообод боздид ба амал овардааст. Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ки  оид ба  сохтмони пулҳо ва бозорҳои нав дар минтақаҳои сарҳади байни ин ду кишвар лоиҳаҳоро амалӣ созад. Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд мақсади амалӣ сохтани чунин лоиҳаҳоро барқарор намудани сулҳ, амният ва  мубодилаи таҷрибаи  мардумони ин кишварҳо  арзёбӣ намуд.

Стефано Мансервис ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи сафараш бо намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва Бонки миллии Тоҷикистон  вохӯриҳо доир намудааст, ки дар онҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки дар оянда ҳамчун як шарики муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушд боқӣ монда, амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намояд.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо аз авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба шумор меравад.

Мавҷуда АНВАРӢ

Июль 12, 2017 19:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид